Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, шурӯъ аз 22-юми октябр поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи 22-юми октябр аз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва поиравии ҳарорат ба андозаи 7-8 дараҷа интизорӣ меравад.
Поинравии ҳарорат бештар дар вилояти Суғд ва минтақаи ҷануби кишвар ба мушоҳида расида, суръати вазиши шамол шадидтар ва чангу ғубор мефарояд. Ҳамин тариқ, нимаи аввали рӯз дар шаҳри Хуҷанд обуҳавои тағйирёбанда ва фаромадани чангу ғубор дар назар буда, ҳарорат шабона 5-7 дараҷа гарм ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Қӯрғонтеппа обуҳавои абрнок пешбинӣ гардида, шомгоҳон боридани борон, баъзан борони шадид дар назар аст. Ҳарорат шабона 6-8 дараҷа гарм ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои наздик дар ВМКБ обуҳавои устувори бебориш дар назар аст. Пагоҳ дар шаҳри Хоруғ обуҳавои абрнок, вале бидуни боришот пешбинӣ мешавад.
Нимаи аввали рӯзи 22-юми октябр дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, каме чангу ғубор мефарояд ва ахири рӯз аз боридани борон интизорӣ меравад. Дар пойтахт ҳарорат шабона ба 6-8 дараҷа гарм ва рӯзона ба 20-21 дараҷа гармӣ баробар хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 23-юми октябр дар ҷумҳурӣ борони шадид ва сардшавии ҳарорат дар назар буда, дар манотиқи воқеъ дар баландии 2,5 ҳазор метр барфи тар меборад. Рӯзи 24-уми октябр обуҳавои бидуни боришот пешбинӣ шуда, вале рӯзҳои 25 ва 26-уми октябр боз обуҳавои ноустувор ва баъзан боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста