Дар ҷараёни рейдҳои бузургмиқёси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар як анбори бузурги нигаҳдории сабзавоти шаҳри Твер се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷати иҷозати кор боздошт шуданд. Дар ин анбор беш аз 80 нафар муҳоҷирони кории тоҷик машғули коранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дигар шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо ба кори худ идома бахшиданд.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони намояндагӣ дар шаҳри Твер бо муҳоҷирони кории тоҷик як қатор вохӯриҳо гузаронида, дар робита ба пурзӯр шудани қонунгузории федералии Русия дар бахши муҳоҷират зарурати саривақт барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозати будубошу кор ва риояи талаботи қонунгузории Русия дар ин самтро таъкид намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста