Рӯзи сеюм аст, ки ҳоҷиёни кишвар аз зиёрати Каъба ба Ватан бармегарданд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев, баргаштани ҳоҷиён аз 19-уми моҳи октябр шурӯъ гардида, то 3-юми моҳи ноябр идома меёбад. «Барои гусел ва қабули ҳоҷиён, бору бағочи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида, шароити заруриро муҳайё намуд», - гуфт номбурда.
Ёдовар бояд шуд, ки имсол аз фурудгоҳи Душанбе 4713 нафар зойирин тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» барои зиёрати Хонаи Худо ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина гусел шуданд. Фурудгоҳи Душанбе дар маҷмӯъ ба 48 адад рейсҳои рафта ва омада хизматрасонӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карданд. Тибқи маълумоти ахир, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.
Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.
Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста