Анонс
- Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;
- Дар Донишкадаи давлатии забонҳо сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши фарҳанги анъанавии Ҷопон ба монанди Икебана, Суме ва Кимоно чорабинӣ доир мекунад;
- Дар нашриёти «Гудок» конфронси матбуотии муштараки узви Раёсати Конгресси умумирусиягии озарбойҷониҳо Рустам Орифҷонов, раиси Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони кории тоҷик» Каромат Шарифов ва президент, раиси Шӯрои созмони умумирусиягии ҷамъиятии Конгресии умумрусиягии ӯзбекон Иброҳим Худойбердиев баргузор мешавад. Мавзӯи чорабинӣ: «Вазъ атрофи Бирюлово. Сиёсати миллии ҳукуматдорони Маскав. Низоъҳои этникиро чӣ гуна бояд пешгирӣ кард?».
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7695 сомонӣ;
1 евро - 6.2974 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1921 – Зодрӯзи шоираи русзабони Тоҷикистон Марианна Фофанова.
1929 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Маҳмуд Исмоилов.
1934 – Зодрӯзи олими фолклоршинос Нурулло Азимов.
1951 – Мавлуди нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Мафтун Ҷӯра.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13 рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +19+24.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста