Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои дахлдори масъул ба ин масъала иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти натиҷаҳои санҷиши комиссияи Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти прокуратураи пойтахт, М.Убайдуллоев ба роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе Саид Атоев супориш дод, ки то 1-умидекабр пешниҳодоти мақомоти шаҳрдорӣ оид ба ивази пояҳои чӯбини такягоҳи шабакаҳои барқ ба пояҳои оҳану бетониро омода намояд.
«Раиси пойтахт аз воҳидҳои дахлдори ШСХК «Барқи тоҷик» бори дигар иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми марти соли 2013 дар бораи кашонидан ва захираи ангишт барои эҳтиёҷоти пойтахт дар ҳаҷми 116 ҳазор тоннаро талаб кард», - гуфт Ш.Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста