Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба омодагӣ ва таҷлили ин ҷашн, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони бонуфузи ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.
Тавре зикр гардид, ҷашни 3000-солагии Ҳисор моҳи сентябри соли 2015 таҷлил мегардад. Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн Муовини раиси Кумитаи тадорукот, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи бузурги марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншооти дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ, аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар ин муҳлат мушкили норасоии оби ошомиданӣ ва навсозии шабакаи обу корези маркази ноҳия бартараф шуда, зеристгоҳи барқии 220 киловолта бунёд хоҳад ёфт. Беш аз 130 иншооти дигар, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта, ба кор дароварда хоҳанд шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Тавре иттилоъ дода шуд, барои таҳти васоёи ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар фиристода шудааст.
Роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ қавл доданд, ки барои дар сатҳи матлуб омодагӣ дидану таҷлил намудани ин ҷашнвораи пурифтихор аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд. Аз нақшаҳои иштироки худ дар ободонии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла соҳибкорони бонуфузи ин водии файзбор Ҷамшед Зиёев, Маҳмадӣ Тӯраев, Неъмат Қурбонов, Рустам Саидов, Ашуралӣ Раҳматзода, Мавҷуда Ҳакимова ва Асадулло Абдуллоев изҳори андеша карданд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби як соҳибкор Рустам Саидов дар маркази ноҳияи Ҳисор як мактаб, ду кӯдакистон, як бинои шашошёнаи истиқоматӣ ва як шаҳраки замонавии иборат аз 187 хонаҳои истиқоматии ду ва сеошёна бунёд меёбад. Ашуралӣ Раҳматзода бошад, азм дорад як терминали калони нақлиётӣ, як меҳмонхонаи дорои 200 ҷойи хоб ва як силсила биноҳои нуҳошёна бунёд намояд. Соҳибкорзани маҳаллӣ Мавҷуда Ҳакимова бошад, то имрӯз иншооти зиёд бунёд намуда, то таҷлили 3000 солагии Ҳисор боз якчанд корхонаи дигар бунёд карданӣ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорони ташаббускор, хусусан ин ба бонуи соҳибзавқ, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки дар омодагӣ ба ин ҷашни пурифтихор тамоми мардуми ноҳия, ба хусус соҳибкорони он бояд саҳмгузор бошанд. “Омодагӣ бояд аз ҳар як хона, кӯча, деҳа, ҷамоати деҳот ва тамоми ҳудуди ноҳия оғоз ёбад”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста