Хешони сарбози тоҷики дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бе ному нишон гумшуда, ки чанде қабл боқимондаҳои ҷасадаш дар назди Киев дарёфт шуданд, аз худ дарак доданд.
Ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Юровка, ноҳияи Киево-Святошини вилояти Киеви Украина боқимондаҳои ҷасади сарбози тоҷики дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедаракшуда Раҳмат Ҳимматов (соли таваллуд 1911), ки зимни муҳориба барои муҳофизати шаҳри Киев моҳи августи соли 1941 ба ҳалокат расидаасту то ҳанӯз бедаракшуда маҳсуб меёфт, дарёфт гардид.
Тибқи нишон (жетон)-и шахсии дарёфтшуда, Р.Ҳимматов зодаи Қубодиён, шӯрои деҳоти Самсолиқ, ноҳияи Комосомлобод (феълан Нуробод)-и ҶШС Тоҷикистон аст. Ӯ аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Комсомолобод ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Ному насаби ҳамсараш Тоҳирова Эброви зикр шудааст.
Дар ин робита ба идораи ОИ «Азия-Плюс» Фаррух Мӯминов муроҷиат намуда, хабар дод, ки ӯ набераи Раҳмат Ҳимматов мебошад. Ба гуфтаи номбурда, ӯ ҳанӯз аз модаркалонаш ҳодисаи дар овони ҷавонӣ ба ҷанг рафтан ба бедарак шудани бародарашро шунидааст.
«Ҳамаи хешони Р.Ҳимматов то ҳол бо суроғаи дар хабар зикршуда зиндагӣ доранд. Чор бародарону хоҳарон то охири умр умедвор буданд, ки аз бародари гумшудаашон ягон хабаре дарёбанд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки ҳуҷҷатҳоеро дар даст дорад, ки хеш будани онҳоро тасдиқ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷабҳаҳои набарди ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик корнамоиҳо нишон дода, 90 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ҶБВ 49 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо маҷмӯи пурраи се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 55 ҳазор нафарашон бо мукофотҳои гуногуни ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.
Моҳи апрели соли гузашта, бо гузашти қариб 70 сол дар назди шаҳри Санкт-Петербург қабри сарбози тоҷики замони ҶБВ бедаракшуда Зайниддин Осимӣ дарёфт гардида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста