Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузории «Озодагон» ( www.ozodagon.com ) ва бахши русии он – www.catoday.org қатъ карда шуданд.
Директори генералии медиа-холдинги «Озодагон» Зафари Сӯфӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дастрасӣ ба ҳарду бахши хабаргузорӣ шоми 4-уми ноябр қатъ гардида буд.
«Аввал мо фикр доштем, ки ин ҷо ягон мушкилоти фанние ҷой дорад, вале имрӯз яке аз ширкатҳои фароҳамсози интернет ба таври махфӣ ба мо тасдиқ кард, ки ба онҳо аз Хадамоти алоқа бо имзои сардори хадамот Бег Зуҳуров ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои мо супориш расидааст. Ҳамчунин дар нома ба қатъи дастрасӣ ба видео-хостинги Youtube низ ишора шудааст», - иттилоъ дод З.Сӯфӣ.
Дар ҳамин ҳол, мегӯяд ӯ, дар супориши сардори Хадамоти алоқа сабаби қатъи дастрасӣ зикр намегардад. «Агар дар маводу шарҳи сомонаи мо ягон қонуншикание ҷой медошт, онҳо метавонистанд ба суд муроҷиат кунанд, вале дастрасӣ ба сомонаро қатъ карданд, ки бар хилофи қонун аст», - иброз дошт директори холдинг.
Ҳамчунин директори генералии хабаргузории «Озодагон» барои эҷоди мушкилот аз корбарон маъзарат хоста, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз прокси-серверҳо истифода кунанд.
Ин бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаҳои ВАО дар қаламрави Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Қаблан чандин маротиба бо сомонаҳои хабаргузории «Азия-Плюс», як қатор васоити ахбори умуми Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз чунин муносибат кор гирифта шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе дар яке аз чоҳҳои коммуникатсионӣ дар назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», дар хиёбони Саъдии Шерозӣ сӯхтор сар зада, дар натиҷа як қисмати шаҳр, аз ҷумла идораҳои чандин ВАО-и воқеъ дар маҷмаа аз дастрасӣ ба интернет маҳрум шуданд. Айни замон танҳо ба чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет муяссар шуд, ки дастрасӣ ба интернетро барқарор намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста