- Бархе аз намояндагони ба истилоҳ журналистикаи озод ва мустақили тоҷик имрӯз бори навбатӣ кӯшиш доранд, ки барои бо шеър Эмомалӣ Раҳмонро ба пирӯзӣ дар интихобот табрик карданаш, шоири мардумии тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, устоди сухан Бозор Собирро бадном созанд», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, шоир, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Низом Қосим.
Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистони имрӯз ҳеҷ кас нафари дигареро барои таъриф ё интиқоди шасхе маҷбур намесозад ва Бозор Собир мутмаин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои худ дар назди халқу ватан ба эҷоди шеър дар васфаш арзанда аст.
«Ман ба ҳамаи ҷонибдорони демократияву озодии сухан маслиҳат медиҳам, ки таҳаммулпазир бошанду қадру қимати оддии инсониро риоя кунанд ва барои андешаи дигар доштан касеро мавриди таҳқир қарор надиҳанд», - зикр кард Н.Қосим.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли равон Бозор Собир аз муҳоҷират дар ИМА ба ватан баргашт. Дар нашриёти расмии ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот ӯ Эмомалӣ Раҳмонро бо шеър табрик намуд .




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста