Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо оғоз ёфта, то 24-уми ноябри давом хоҳад кард. Бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ рӯзи 20-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз намояндагиии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин руйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Бо барномаҳои ҷолибу рангоранг ин иқдоми пешгирифта равобити ҳамкории ИА ва Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонида, ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда ошно месозад. Инчунин, чорабинии мазкур барои паҳн сохтани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он хизмат мекунад.
Ба иттилои манбаъ, имсол, дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъияти Кушода, Донишкадаи Гётеи Тошканд ва ширкати “IDEA”, Маркази Фарҳангии Бохтар барномаи ҷолиби фарҳангиро зери унвони «Ҷавонон пешсафанд», ки ба рушди ҷамъият, санъат, ҷанбаҳои маориф ва фарҳанги Аврупо бахшида шуда аст, пешкаш менамояд.
Гуфта мешавад, барномаи чорабинии имсола ҳама ҷанбаҳои санъатро дар бар гирифта, ба он барномаҳои мусиқӣ, намоиши театрӣ ва санъати тасвирӣ шомиланд. Инчунин якчанд конфронсу чорабинӣ баҳри ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҷавонон дар масъалаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, мубоҳисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста