Фаъолияти 5 мадраса дар вилояти Суғд то ҳол барқарор нашудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов хабар дод, аз моҳи июни соли равон то дастрас намудани иҷозати Вазорати маориф фаъолияти мадрасаҳо қатъ шуда буд.

«Гурӯҳи кории махсус айни замон ба таҳияи нақшаи таълимии мадрасаҳо ва муқаррар кардани меъёри таҳсил дар он машғул буда, мо ният дорем, ки ба барномаи таълим дар қатори фанҳои динӣ ҳамчунин машғулиятҳо оид ба омӯзиши ягон касбро низ шомил созем, то ки хатмкардагони мадрасҳо минбаъд дар баробари фаъолияти динӣ боз ба касбе шуғл дошта бошанд, ки сарчашмаи иловагии даромад ба онҳо гардад», - иброз дошт А.Шарифов.

Ба қавли ӯ, мадрасаҳои вилояти Суғд танҳо пас аз таҳияи нақшаи корӣ ва муқаррар гардидани меъёрҳои таҳсил, иҷозатномаи Вазорати маорифро дастрас карда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар саросари ҷумҳурӣ 6 мадраса амал мекунад, ки панҷтои он дар қаламрави вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд. Дар онҳо 300 нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.