Як муҳоҷири ба ватан баргашта, сокини 27-солаи деҳаи Сафедоби ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ И.К. аз истемоли хӯриш (салат)-и хобонидашуда заҳролуд ва ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази №2-и нозироти санитарӣ-эпидемиологии минтақаи Кулоб Саидасвар Аламов дар ин робита иттилоъ дод, муҳоҷири ба ватан баргашта ду нафар дӯстонашро ба манзили худ барои хӯрдани оши палав даъват намуда, аз хӯриши хобонидашудаи модараш, ки дар шароити хона таҳия гардида буд, заҳролуд мешавад.
«Пас аз 12 соати истеъмоли таъом И.К. ва меҳмононаш ба бемористон оварда шуда, наҷоти соҳибхона ба табибон муяясар нашуд ва айни замон вазъи солимии дӯстонаш бехатар аст», - изҳор намуд Аламов.
Сардухтури санитарии минтақа аз он изҳори таассуф намуд, ки эпидемиологҳо мудом тавассути телевизиону дигар ВАО тадбирҳои эҳтиётиро ба сокинон шарҳ медиҳанд вале то ҳанӯз аҳолӣ дар тайёр кардани хӯришҳои хобонидашуда аз сабзавот ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста