Дар низоми бима (суғурта)-и тиббӣ Русия бимаи ҳатмии тиббӣ барои муҳоҷирни кории хориҷиро ҷорӣ месозад ва акнун бидуни суғуртаи тиббӣ ва ҳамчунин иҷозатнома барои кор ё патент, шаҳрванди хориҷӣ наметавонад дар қаламрави Русия доимо ё тибқи қарордоди корӣ ба фаъолият машғул шавад.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, тағйироти воридмешуда ба Кодекси меҳнати Русия дар қисмати фаъолияти муҳоҷирон шаҳрвандони хориҷиро ба пешниҳоди санади суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба корфармо зимни имзои қарордод уҳдадор мекунад.
«Ин тағйирот талабот барои муҳоҷирон зимни бастани қарордодро сангинтар намуда, иҷозатномаи кор ё патент, иҷозат барои иқомати муваққатӣ вобаста ба мақоми маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва бимаи ҳатмии тиббӣ низ акнун аз шартҳои асосии бастани қарордоди меҳнатӣ маҳсуб меёбанд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки барои шаҳрвандони хориҷие, ки камтар аз 6 моҳ қарордоди меҳнатӣ ба имзо мерасонанд, пешниҳоди санади бимаи нафақа ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии низомӣ ҳатмӣ нест. «Навгонии асосии лоиҳаи қонун – пешниҳоди санади бимаи тиббӣ ё шартномаи дахлдор дар бораи ба шаҳрванди хориҷӣ расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ зимни бастани қарордоди меҳнатӣ мебошад ва баррасии ин тағйирот дар музокироти умумӣ то 29-уми январ идома меёбад», - афзуд М.Эгамзод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста