Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 27 нафар соҳибмулкони манзилҳо дар маркази шаҳрро, ки тибқи Нақшаи генералӣ манзилҳояшон кӯчонида мешаванд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт ба соҳибмулкони манзилҳо шарҳ дод, ки онҳо ба гирифтани ҷуброни арзиши бозории амвол ё худ квартираҳои баробарарзиш ҳуқуқ доранд.
«Зимни суҳбати ошкоро ва самимона сокинон аз мавқеъ ва мароми шаҳрдорӣ оид ба ободонии шаҳр ҷонибдорӣ карда, аз пешниҳодоти Раиси шаҳр: то анҷоми сохтмони иншооти пешбинигардида кӯчидан ба квартираҳои моликияти коммуналӣ бе пардохти музди иҷораи истифодаи он бо пардохтҳои ҳатмии коммуналӣ ва ҳангоми ба итмом расидани сохтмони биноҳои баландошёнаи 12-14 ва 16 ошёна дар маркази шаҳр бо квартираҳои баробарарзиш таъмин гардидан, ҷонибдорӣ намуданд», - гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти тафоҳумоти ба миёномада, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки заминаҳои ҳуқуқии ин тафоҳумот тариқи нотариалӣ ва бо қарорҳои раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста