Дар вилояти Суғд оилаҳои ҳалокшудагон ва осебдидагон аз амали террористии соли 2010 дар Хуҷандро аёдат карданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба ифтихори таъсиси Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил (УБОП)-и ВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз оилаҳои фавтидагону зарардидагон, ки аз амали террористии субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди бинои шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилоят осеб дида буданд, хабаргириву аҳволпурсӣ шуд.
Аз номи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ин оилаҳо мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд Содиқ Бобоҷонов ташриф оварда, бо рӯзгору вазъи солимӣ ва мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардид.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар ҳавлии бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиинояткории муташаккили вилояти Суғд як амали террористӣ анҷом дода шуд. Он субҳ баъди ба ҳавлии бино ворид шудани ду автомашинаи кормандони шуъба ҷинояткорон низ бо автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда ба ҳавлӣ ворид шуда, онро мавриди инфиҷор қарор дода буданд. Бар асари ин ҳодиса ду нафар кормандони шуъба ҳалок ва 28 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд. Баъди табобат ҷароҳатбардоштагон қариб ҳамаашон дар ҳамин шуъба ба фаъолияти худ идома дода истодаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста