Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳудуди 721 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол зиёда аз 970 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 721 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 88 ҳазор нафар баробар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 710 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 489 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки наздики 419 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 70 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдри 6 ҳазор нафар камтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба 4 ҳазору 666 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият дар қаламрави кишвар иҷозатнома додааст. Аксари муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки шумори онҳо 2 ҳазору 952 нафарро ташкил медиҳад. Мақоми дуюм пас аз чиниҳоро муҳоҷирони кории афғон ишғол мекунанд, ки шумори онҳо ба 653 нафар баробар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста