Анонс

- Дар чаҳорчӯби Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки дар он тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ дар ҷумҳурӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро ба маърази умум мегузоранд;

- Дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» бо нишонаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой 9 Конфронси дуюми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал» баргузор мегардад. Оғози кори конфронс соати 09:30;

- Машғулият барои СМИ дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки наметавон онро рад кард» дар доираи лоиҳаи «Рушди ВАО-и қавӣ ва мустақил»-и Ассотсиатсияи миллии менеҷерон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ. Оғоз соати 09:00;

- Конфронси дурӯзаи DAAD таҳти унвони «Захираҳои табиии маҳдуд – ҳудуди рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Маркази исмоилияи Душанбе.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7733 сомонӣ;

1 евро - 6.3854 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1495 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион.

1942 – Ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахтаи Қистакӯз (феълан дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд).

1925-2001 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.

1938 – Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбарзода.

1951 – Зодрӯзи рӯзноманигор Шогунӣ Назриев.

1952 – Мавлуди нависандаи ҳаҷву зарофатгӯ Наҷмиддини Шоҳинбод.

1965 – Зодрӯзи олим Бозоралӣ Одинаев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона боришоти начандон зиёд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барфи кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.