Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр ва баргузории як силсила чорабиниҳо ба ин муносибат дар пойтахт қарори дахлдор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ба ин муносибат рӯзи 24-уми ноябр дар дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» аксияи «Садоқат ба Парчам», дар Кӯли ҷавонон аксияи «Орази Парчам», дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Таърихи Парчам» ва дар майдони «800-солагии Москва» аксияи «Муҳаббат ба Парчам» ва ҳамчунин сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонон, консертҳо ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ доир мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин чопи мақолаҳо ва таҳияву пахши барномаҳо оид ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, таърих ва муҳтавои аломатҳои Парчами давлатӣ, баргузории дарсҳои мавзӯӣ, вохӯриву сӯҳбатҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ташкили намоишгоҳи китобҳо ва мизи мудаввар ба ин муносибат дар назар аст.
Гуфта мешавад, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» веломарафон баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста