Тибқи натоиҷи назарсанҷии Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ (МТИ)-и «Зеркало» миёни аҳолӣ ва коршиносон, ҳафтавори иҷтимоиву сиёсии «Азия-Плюс» нашрияи писандидатарини соли 2013 ва Олга Тутубалина хабарнигори беҳтарин сол дониста шуданд.
Коршиносони пурсидашуда аз зумраи сардабирони васоити хабори умуми муваффақ, таҳлилгарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ҳафтавори беҳтарини сол интихоб намуданд.
Имрӯз зимни муаррифии натиҷаҳои назарсанҷӣ дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон намояндагони МТИ «Зеркало» изҳор намуданд, ки тибқи натиҷаҳои назарсанҷӣ миёни хонандагону шунавандагон, хабаргузории «Озодагон» - бозёфти сол, радиои «Ватан» - беҳтарин шабакаи радио, нашрияи «Оила» - ҳафтавори дӯстдоштатарин ва «Рекламная газета» - нашрияи муфидтарин эътироф гардиданд.
Роҳбари МТИ «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Зимни тақдими ҷоизаҳо роҳбари МТИ «Зеркало» зикр кард, ки «ҳадафи аслии баргузории назарсанҷӣ саҳм гирифтан ба роҳандозии ҳадди ақал як падидаи мусбатест, зеро ВАО дар ҷомеаи мо нақши муҳим доранд».
Қобили зикр аст, ки назарсанҷӣ миёни паҳнкунандагони нашрияҳо, хонандагон, шунавандагони радио ва коршиносон – 30 нафар сардабирони ВАО-и муваффақи кишвар гузаронида шуд. Андешаи 580 нафар тариқи телефон дастрас карда шуд.
Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» муддати 10 сол фаъолият дошта, дар ин давра ҳудуди 100 лоиҳаи гуногунмиқёсро бо истифода аз методҳои гуногуни таҳқиқот анҷом додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста