Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе Форуми дуюми хатмкардагони макотиби олии Русия (Иттиҳоди Шӯравӣ) баргузор гардид, ки аз ҷониби сафоратхонаи Русия, намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ ва бо дастгирии як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуд.
Бино ба иттилои сафоратхонаи Русия дар ҶТ, дар кори форум беш аз 100 нафар афроди шинохта дар дохил ва хориҷи кишвар, ки ҳатмкардагони макотиби олии Русия мебошанду имрӯз ҳам дар таҳкиму рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд, ширкат варзиданд.
Зимни суханронии шодбошии худ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз ҷумла изҳор намуд: «Имрӯз ҳазорон хатмкардагони макотиби олии Русияву собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон машғули коранд. Инҳо афроди боистеъдоданд, ки дар фарҳангу маърифати худ беҳтарин дастовардҳои маънавиёти тоҷикиву русиро муттаҳид намудаанд».
Дар ҷараёни кори форум зикр гардид, ки ин чорабинӣ ҳамасола бояд майдони муколама оид ба мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои гуногун гардад ва аз тамоми хатмкардагони тоҷики макотиби олии Русия даъват шуд, ки ба рушду таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ва дӯстӣ миёни мардуми кишварҳо мусоидат кунанд.
Дар чорабинии мазкур оид ба таъсиси Ассотсиатсияи хатмкрадагони макотиби олии Русия дар Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шуд, ки дар санади ҷамъбастии Форум дарҷ гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста