Кормандони пулиси шаҳри Маскав зани бо тифли муҳоҷири кории тоҷик ғайбзадаро ҷустуҷӯ доранд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, падари тифл дар шабакаи иҷтимоии Интернет бо зан шинос шуда, ин зан ваъда додааст, ки барои ӯ доя пайдо мекунад. Тифлро ба ӯ бовар карда, сипас зан ғайб мезанад.
Муҳоҷири кории тоҷик дар майдони сохтмон бо ӯ вохӯрда, барои дарёфти доя ҳуҷҷатҳои худ ва писари дусолаашро ба ӯ месупорад. Зан кӯдакро бо худ гирифта мебарад ва дигар макони будубоши ӯ маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, Сафорати Тоҷикистон аз хабари расонаҳои ахбори умуми Русия огоҳ шудааст, ки тифли тоҷикро, ки падараш шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дояи (няня) тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет дарёфтаи падараш гирифта ғайб задааст.
«Мутаасифона, то ҳанӯз ба Сафорат дар бораи ин қазия маълумоти расмӣ аз мақомоти пулиси Москва дохил нашудааст ва худи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар бораи ӯву тифли гумкардааш хабарҳо мухталифанд, низ ба Сафорат муроҷиат накардааст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Эгамзод, сафорат ба мақомоти пулиси Москва дар тамос аст ва ҷузъиёти ин ҳодисаро пайгирӣ дорад. «Ҳамчунин, мо ба фаъолони диаспораи тоҷикони Москва муроҷиат намуда, хоҳиш дорем, ки дар ҳалли ин қазияи ташвишовар кумак расонанд, то ба мо ҳувияти ин шаҳрванди Точикистон ва тифли ӯ маълум гардад», - иброз дошт Эгамзод.
Намояндаи расмии сафорат изҳори умедворӣ кард, ки айни замон мақомоти пулиси Москва пайи ҷустуҷӯйи зани ношинос ва тифли тоҷики рабудаи ӯ буда, дар наздиктарин вақт пайи ӯро хоҳанд ёфт. «Аммо барои мо тааҷҷубовар аст, ки чӣ гуна ва дар кадом вазъият ин ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст. Гузашта аз ин, ҳанӯз воқеъияти ин хабар расман тасдиқ нагардидааст», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста