Анонс
- Дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ намояндагони тақрибан 100 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсии Душанбе ҷамъ меоянд. Сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолияташон дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон табодул менамоянд;
- Дар толори конфронси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба баррасии Ҳисоботи пешакӣ оид ба арёзбии экологии минтақавӣ, Ҳисобот оид ба арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад дар бораи сиёсати кӯчонидан вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) омода шудаанд;
- Дар доираи амалисозии Барномаи давлатии мусоидат ба ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ҷиҳати ихтиёран кӯчидан ба Русия, намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҶТ ва намояндагии Россотрудничество маросими муаррифии имконоти иҷтимоиву иқтисодии Вилояти мухтори яҳудиёни Русия барои ҳамватанони муқими Тоҷикистонро доир мекунанд. Оғоз соати 11:00 бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯч. М.Турсунзода, х. 28, Маркази илму фарҳанги Русия, толори конфронс (намояндагии Россотрудничество).
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7739 сомонӣ;
1 евро - 6.4640 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.148 0 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1925 – Зодрӯзи устоди рақс Ҳоҷиумар Қосимов.
1930 – Мавлуди ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Бобохон Иномов.
1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи сурудҳои мардумӣ Ризвоншо Игмолшоев.
1940 – Мавлуди директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (солҳои 1987-1988) Соҳибназар Ғоибназаров.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар доманакӯҳҳо барф меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона 0+5; дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона 0-5.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, шом ва субҳ туман мефарояд.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, шом ва субҳ бидуни боришот, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста