Бо фармонҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти шаҳрдории пойтахт тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, собиқ сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Муним Холиқов сардори шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Ба иттилои ӯ, ҳамчунин бо фармони раиси пойтахт директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев аз вазифааш барканор гардида, ба ҷои ӯ Фирдавсӣ Саидов, собиқ сардори ККВД "Автобус-1", директори ин корхона таъин гардид
Зимнан зикр гардид, ки Ҷумъахон Давлатов директори нави ККВД «Автобус-1» таъин гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста