Раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмамадов супориш дод, ки тамоми лоиҳаҳои дар қаламрави минтақа мавриди амал қарордошта таҳти назорат гирифта шаванд.
Дар вохӯрии имрӯза бо фаъолони ноҳияи Бохтар ӯ изҳор намуд, ки дар бораи тамоми лоиҳаҳои дар ин ноҳияи татбиқшаванда саривақт огаҳ шудааст.
«Онҳо бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд, зеро лоиҳаҳое мавҷуданд, ки гӯиё татбиқ шудаанд, вале дар амал оид ба ин лоҳаҳо коре ба сомон расонида нашудааст, - иброз дошт раиси вилоят ва ишора кард, ки ин гуна ҳолатҳо дар бахшҳои маорифу тандурустии минтақа ба мушоҳида мерасанд.
Ӯ дар бораи шумори мушаххаси лоиҳаҳои айни замон дар ноҳияи Бохтар амалишаванда маълумот надода, ягон лоиҳаи мушаххасеро ҳам номбар накард, ки дар гуфтаҳои болояш ба он ишора карда буд ва супоришҳо бо суханони умумӣ сурат гирифтанд.
Собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов санаи 27-уми ноябр ба ҷойи Ғайбулло Афзал, ки ба нафақа баромад, ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Давлатшо Гулмамадов соли 1961 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии об ва мелиоратсияи Тошканд мебошад. То таъин ба мансаби раиси шаҳри Турсунзода дар соли 2010, ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста