Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси тозатаъини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони васоити ахбори умуи маҳалливу хориҷӣ мулоқот орост.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ ҳини сӯҳбат изҳор дошт, ки расонаҳои хабариро ба худию бегона, давлатию ғайридавлатӣ ҷудо намекунад ва омода аст ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи расонаҳои хабарӣ, новобаста аз шакли моликияташон вусъат диҳад. Дар мулоқот беш аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат доштанд.
«Нақши рӯзноманигорон дар инъикоси пешравиву мушкилоти ҷомеа назаррас буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамеша омода аст» - гуфт, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд.
Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли оянда ба масъалаҳои идомаи ислоҳоти замин, эҳёи корхонаҳои саноати сабук ва навсозии роҳҳои дохилӣ аҳмияти махсус зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки ҳалли дурусти ин масъалаҳо на танҳо дастсрасии бештари саҳмдоронро ба замин, таъсиси бештари ҷои корӣ, бахусус барои занон ва ободонии маҳалҳоро таъмин менамояд, балки ба сифатан беҳтар шудани шароити зист ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон зикр дошт, ки дар татбиқи ин амалҳои нек ба дастгирӣ ва пуштибонии расонаҳои хабарӣ эътимод хоҳад кард.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин аз мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ёдовар шуда, журналистонро барои ҳамкорӣ ва таҳқиқи мӯшикофонаи масоили рӯз аз қабили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, сабабҳои иҷтимоии хушунати хонаводагӣ, худкушӣ, фасоди молӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ғайра даъват намуд. Ҳамчунин дар ин мулоқот зикр гардид, ки барои иҷрои чунин амрҳо грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо мегардад, ки чунин амал дар вилояти Суғд бори нахуст сурат мегирад.
Дар охири мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифт ва хабарнигорон ба суолҳои худ, аз и.в Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ посух гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста