Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 12-13-уми сентяьри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, тасдиқ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кӯчаҳои протоколии пойтахт корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гулҳову буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.
«Корҳои азнавсозии меҳмонхонаи «Пойтахт» ба итмом расонида шуда, мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати анҷоми сохтмони «Шератон» низ мусоидат хоҳад кард», - зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои пешвози меҳмонони воломақом дар фурудгоҳро низ омода мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста