Чанде қабл дар Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Русия барои кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти унвони «Мушкилоти рӯзмарраи муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ-2013» семинари омӯзишӣ ба кор шурӯъ намуд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, дар доираи кори семинар, ки ба тақвияти имконоти кормандони бахши Иттифоқҳои кассабаи Тоҷикистон нигаронида шудааст, назди таълимгирандагон сиёсатшинос, коршиноси умури ИДМ, ректори Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Русия Евгений Кожокин маърӯза ва машғулият доир хоҳад кард.
Дар кори семинар, ки то 17-уми декабр идома меёбад, роҳбарон ва намояндагони Иттифоқҳои касабаи сохторҳои бузурги давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ баррасии мавзӯъҳое аз қабили «Давлати иҷтимоӣ ҳамчун таҷассумгари ақидаи иттифоқҳои касаба дар бораи адолати иҷтимоӣ», «Фаъолияти иттифоқҳои касба оид ба амалисозии усулҳои меҳнати шоиста, мубориза барои маоши арзанда ва шуғл», «Ҳамгиройӣ – шарти муҳими беҳбуди ҳаёти мардуми ИДМ», «Муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон» ва ғайра дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста