Рӯзи 17-уми декабри соли 2013 Ассотсиатсияи Кумак ва Дастгирӣ (АКД)-и Чопон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон»-ро ба итмом мерасонад.
Бино ба иттилои АКД Ҷопон, маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба миқдори 616,860 доллар дастгирӣ шудааст. Барои ҷашн гирифтани анҷомёбии лоиҳа 10--уми декабри соли 2013 дар Маркази барқароркунии саломатии кӯдакон дар Ваҳдат чорабинии ҷамъбастии лоиҳа бо иштироки сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши гузаронида шуд.
Ин лоиҳа дорои се қисмат, азнавсозии бинои кӯҳна дар Ваҳдат, гузарондани семинарҳо барои кормандони тиббии маркази барқароркунӣ дар Ваҳдат ва беморхонаи Хуҷанд, таъмин намудани ёрии техникӣ барои цехи “Дилшод” дар Вахш мебошад.
АКД Ҷопон маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро бо 120 аробачаҳои маъюбӣ ва 30 дастгоҳу таҷҳизоти барқароркунӣ таъмин намуд. Инчунин барои гузарондани се семинар оиди барқароркунии саломатӣ ва се тренинги амалиявӣ оиди истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ мутахассисон аз Ҷопон даъват шуданд.
Кормандони тиббии маркази барқароркунии саломатӣ малакаҳоеро, ки дар вақти семинар омӯхтанд, фаъолона дар амал истифода мекунанд. Баъзеи онҳо дар бинои нави маркази барқароркунӣ баъди кушодашавӣ соли 2014 ба кор гирифта мешаванд ва фарогири 20 кӯдак мешавад.
Ҳамоҳангсози барномаи АКД Ҷопон дар Тоҷикистон Киёши Ишии оид ба лоиҳа чунин изҳор менамояд: “АКД Ҷопон мукаммалгардонии маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро анҷом доданд. Мо боварӣ дорем ки ин лоиҳа ба талаботи мардум дар ин минтақа ҷавоб медиҳад.
АКД Ҷопон ҳамчун ассотсиасияи ғайридавлатӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2001 бо мақсади беҳтар кардани сифати зиндагии шахсони имконияташон маҳдуд шурӯъ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста