Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сохтмони сардхонаи замонавӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе озмуни байнулмилалӣ эълон кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар озмуни дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхонаи замонавӣ барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карда метавонанд.
«Интизорӣ меравад, ки дар масоҳати ҳар кадоме 1 ҳазору 152 метри мураббаъ дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе ва Маркази савдои муосир, воқеъ дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе ду сардхонаи замонавӣ бо иқтидории нигаҳдории 2 ҳазор тонна маҳсулот сохта мешаванд. Дар қаламрави бозори «Шоҳмансур» дар масоҳати 576 метри мураббаъ ва иқтидори нигаҳдории 1 ҳазор тонна маҳсулот низ сардхонаи замонавӣ бунёд мешавад», - гуфта мешавад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ҳайати комиссияи озмун ва шартҳои озмуни байнулмилалӣ низ тасдиқ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста