Анонс

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷамъбасти натоиҷи чорабиниҳо ва аксияҳои башардӯстона дар соли 2013 , ки бо дастгирии намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон гузаронида шуданд, конфронси матбуотӣ доир мегардад. Дар конфронси матбуотӣ доир ба нақшаҳои намояндагӣ дар соли 2014 низ маълумот дода хоҳад шуд. Оғоз соати 11:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7733 сомонӣ;

1 евро - 6.4674 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1479 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1960 – Таъсиси шаҳри энергетикҳо Норак, ки дар наздикиаш нерӯгоҳи барқии ба номи Т.Ӯлҷабоев сохта шудааст.

2002 – Анҷоми ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳади ҶТ супоридани дастаи марзбонии Мурғоб.

1908-1976 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Бақоева.

1939 – Мавлуди шоир Амир Хошок.

1944-1994 – Зодрӯзи шоир Амонбек Шоҳзода.

1957 – Мавлуди сарояндаи эстрада, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурмо Ширинова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+6, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф). 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -1-6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.