Соли равон дар маҳаллаҳои аҳолинишини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боз 10 масҷиди нав ба фаъолият шурӯъ намуда, акнун шумори умумии онҳо дар минтақа то 569 адад расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дин, риояи анъана ва расму оинҳои минтақаи Кӯлоби вилоятиХатлон Шариф Абдулҳамидов дар ин робита хабар дод, 7-то аз ин масоҷид ҷомеъ (марказӣ) буда, 51 ададаш масҷиди намози панҷгона (намози ҷумъа иҷозат дода шудааст) мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд хоҳишмандони сохтмони манзил дар минтақа зиёд бошанд ҳам, вале камбуди кадрҳои соҳитаҷрибаи умури дин яке аз мушкилоти ҳалношуда боқӣ мемонад. «Чанде қабл 8 нафар имомхатибон дар комиссияи аттестатисонии Шӯрои уламо сатҳи тахассуси касбии худро ҳифз карда натавонистанд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки пас аз ҳар яке аз чунин санҷишҳо аз кор озод шудани замрае аз имомхатибон сурат мегирад.
Сабаби чунин вазъро Абдулҳамидов ба сатҳи пасти тахассусии онҳо нисбат дода, ҳамчунин изҳор намуд, ки ба таври бояду шояд дар мадрасҳо роҳандозӣ нашудани таълими ходимони ояндаи дин низ аз ҷумлаи ин сабабҳост. «Бинобар сабаби номутобиқатии асноди фаннӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ ва номувофиқатии барномаи таълим, муддати беш аз ним сол аст, ки фаъолияти мадраса дар ноҳияи Ховалинг қатъ гардида, 178 нафар толибилмони он ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд», - иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 бо сабабҳои ба ин монанд фаъолияти боз ду мадраса дар вилояти Хатлон - мадрасаи занона ва мардона дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ мутаваққиф гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста