Тӯли соли равон 28 нафар ноболиғони вилояти Хатлон даст ба худкушӣ заданд. Дар ин давра дар маҷмӯъ 114 нафар сокинони вилоят ба ин амал даст зада, наҷоти 38 нафари онҳо муяссар гардидааст.
Сардори ситоди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Юсуф Обидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки миёни онҳо 38 нафарашон мардон, 76 нафарашон занон ва 28 нафарашон ноблиғон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар ноҳияи Ҷиликӯл – 12, ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Восеъ ва Румӣ – 8-тогӣ, Қумсангир – 7, Шаҳритӯс ва шаҳри Қӯрғонтеппа – 6-тогӣ, Темурмалик – 5 ҳодисаҳои худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон, дар 46 ҳолат ҷанҷолҳои оилавӣ ва дар мавридҳои дигар сабабҳои номаълум ба ин ҳодисаҳо боис гардидаанд.
Зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирӣ ва коҳиши чунин ҳодисаҳо дастуру супоришҳо дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста