Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳудуди 910 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% зиёдтар аст. Дар ин бора бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар «Низоми мониоринг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.
Бино ба маълумоти ин гузориш, дар ин давра тақрибан 683 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки «муҳоҷирати кории моҳона моҳҳои март-апрел ба нишондиҳандаи баландтарини афзоиш расида, сипас тадриҷан рӯ ба коҳиш меорад».
Гуфта мешавад, моҳи ноябр шумори муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар рахти сафар бастаанд, 38,8 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 29% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ахири моҳи ноябри соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тақрибан ба 1,1 млн. нафар расидааст, ки беш аз 900 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 200 ҳазор нафарашонро занон ташкл додаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста