Зодаи Тоҷикистон Нисо Муборакшоева дар озмуни «Мисс Россия» (Зебосанами Россия) ширкат меварзад.
Бино ба маълумоти сомонаи озмун имрӯз «Мисс Россия» мақоми чорабинии миқёси ҷаҳониро касб намуда, дар озмунҳои байнулмилалии «Мисс Мира» ва «Мисс Вселенная» танҳо аз ҷониби он намояндагони Русия пешниҳод мешаванд.
Дар ролики муаррифиномаи худ Нисо Муборакшоева мегӯяд, айни замон ӯ дар Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар факултаи лингвистика таҳсил дошта, дар чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ иштирок ва ба кӯдакон маҳорати рақсро меомӯзонад.
«Ман пирӯзӣ дар ин озмунро орзу дорам, зеро намояндагӣ кардани ин кишвари бузург дар озмунҳои байнулмилалӣ барои ман ифтихор аст ва бешак ба саёҳати саросари ҷаҳон мушарраф гардида, ба амалисозии орзуи худ – ифтитоҳи мактаби омӯзиши рақс барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон пайдо хоҳам кард», - иброз доштааст Нисо.
Қобили зикр аст, ки Нисо Муборакшоева қаблан дар озмуни зебосанамҳои Russian Beauyty - 2013 низ ширкат варзида, то даври ниҳоии он расида буд.
Ба ҷонибдории Нисо Муборакшоева бо суроғаи зерин овоз дода метавонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста