Анонс

- Ассотсиатсияи миллии менеҷерон маросими муаррифии натиҷаҳои лоиҳаи «Такмили низоми идораи ВАО дар заминаи нашрияҳои ба бозор нигаронидашуда»-ро, ки бо дастгирии ИМА амалӣ шуд, баргузор мекунад. Оғоз соати 09:00 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, ошёнаи 2-юм.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7732 сомонӣ;

1 евро - 6.4693 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.147 7 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

1994 – Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» (Конибодом, вилояти Суғд) нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон истеҳсол шуд.

2001 – Ифтитоҳи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон.

2002 – Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.

1915-2000 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Назаршо Додхудоев. Солҳои гуногун ӯ ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

1915 – Мавлуди олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АУ ҶТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Ғулом Алиев.

1924 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, профессор Саъдинисо Ҳакимова.

1925 – Мавлуди олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик Ҳамид Мансуров.

1931-2011 – Зодрӯзи академик Ҳайдар Чумонқулов.

1933 – Мавлуди нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост», «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.

1939 – Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.

1945 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ.

1946 – Зодрӯзи муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Амиршо Миралиев.

1948 – Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.

1958 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов.

1961 – Мавлуди микрохирург Убайдулло Қурбонов.

1965 – Зодрӯзи журналист Зоиршо Шарифзода.

1967 – Мавлуди иқтисодчӣ Саймуддин Ризоев.

1967 – Зодрӯзи ҳунарпеша-басаҳнагузоранда Ҷобиршо Хубоншоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳо туман. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -6-11, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -19-24, рӯзона -3-8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.