Чанде қабл ҳудуди 70 нафар соҳибкорони ноҳияи Мӯъминобод бо раиси ноҳияи мазкур мулоқот карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Пирмад Зарифов хабар дод, ҳамаи соҳибкорон зодаи ҳамин ноҳия буда, дар вохӯрии аввал оид ба таъсиси Шӯрои сиёсати сармоягузорӣ дар назди раиси ноҳия тасмим гирифта шудааст. «Баъди 10 рӯз вохӯрии навбатӣ доир гардида, дар он соҳибкорон ташаббусу нақшаҳои худ дар ин самтро мушаххасан пешниҳод хоҳанд кард», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли раиси ноҳия, дар мулоқоти аввал мувофиқа ҳосил шудааст, ки воситаҳои баҳри рушди ноҳия сармоягузоришуда дар ихтиёри худи соҳикборон қарор хоҳанд дошт. «Дар вохӯрии навбатӣ пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот, толори варзишӣ, литсей, корхонаи асфалтбарорӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар буда, соҳибкорон ҳамчунин ба иқдомоти хайрия низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард», - афзуд П.Зарифов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста