Дар арафаи соли нави мелодӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шахсони камбизоату танҳо ва шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, кумаки моддӣ иборат аз маводи хурока расониданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ба хонаводаи 10 нафар чунин шахсон рафта, онҳоро аз номи сарвари давлат ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилдояти Суғд бо соли нав табрик намуд.
«Шахсони аёдатшуда баробари изҳори сипос намудан зикр карданд,ки онҳо ҳамеша кумаку дастгирии доимиро эҳсос менамоянд ва чунин иқдомҳои неку беғаразона ба беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд», - баён мегардад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки давоми даҳ рӯз аз ҷониби корхонаю муассисаҳо соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз ҳазор нафар қишри эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд кумаки якдафъинаи моддӣ хоҳанд гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста