Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз раёсати давлатии хоҷагии оби вилоят талаб кард, то саривақт шабакаҳои обрасониро барои мавсими нави обёрӣ омода намояд.
Чуноне ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси вилоят аз ин сохтор талаб кардааст, ки заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза ва пойгоҳҳои обкаширо таъмиру тармим намуда, ба мавсими нави обёрӣ омода намоянд.
Ҳамчунин Гулмаҳмадов аз сардори раёсати номбурда ба зерсохторҳои он дар шаҳру навоҳии вилоят дастур дод, ки ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасониро аз истифодабарандагон саривақт ҷамъоварӣ намоянд.
Гулмаҳмадов ба сарраёсати кишоварзии вилоят низ дастур додааст, ки заминҳоро саривақт аз ғӯзапоя тоза намуда, шудгорро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд. «Замин бояд то давраи кишти баҳорӣ дам гирад ва дар ин сурат метавонем аз он ҳосили баландро интизор шавем», - илова кард манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста