Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон оид ба ворид намудани моддаи 133, дараҷ. 2 «Хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати ғуломон» ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарор қабул шуда, муҳлати ҷазо мутобиқи ин модда аз 5 то 12 солро ташкил медиҳад.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқов изҳор кард, ки дар саросари ҷаҳон имрӯз ҳудуди 27 млн. нафарро ба сифати ғуломон истифода мекунанд. «Дарн кишварҳои пасошӯравӣ ин нишондиҳанда беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил дода, даромади солона аз хариду фурӯши ғуломон ва истифодаи меҳнати онҳо зиёда аз 9,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин мушкилот дар тамоми ҷаҳон муҳиму рӯзмарра буда, Тоҷикистон низ истисно нест», - гуфт ӯ.
Холиқов иттилоъ дод, ки бо пешниҳои ҳукумат ба Кодекси ҷиноӣ ворид намудани модда барои истифодаи кӯдакон дар таҳияи маводи порнографӣ низ дар назар аст. «Ин ҷиноят низ ба сафи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомил аст. Ҳамчуни касоне, ки маводи порнографиро паҳн мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд», - афзуд номбурда.
Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳодоти зикршуда ва ҳамчунин ташаббуси ҳукумат дар бораи ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати муассисони ширкатҳои якрӯзаро дастгирӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста