Бо супориши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, аз 1-уми январи соли оянда тарофаҳои оби нӯшокӣ дар пойтахт боло мераванд.
Котиби матбуотии раиси шахри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз соли оянда ташкилотҳои буҷетии пойтахт барои як метри мукааб оби нӯшокӣ ва обу корез (бо назардошти ААИ) ба ҷойи 1 сомониву 004 дирами ҳозира 1 сомониву 36,88 дирам ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 2 сомониву 71 дирами ҳозира 3 сомониву 3,99 дирам маблағ пардохт мекунанд.
«Сокинони пойтахт, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунаки об насб шудааст, барои 1 метри мукааб об ба ивази 32 дирами пешина бо назардошти ААИ 41,61 дирам маблағ месупоранд», - иброз дошт Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, сокинони хонаҳои то ошёнаи 12-ум, ки ҳисобкунаки об надоранд, ба ҷойи 3 сомониву 50 дирами ҳозира дар як моҳ 4 сомониву 54,654 дирам, сокинони аз ошёнаи 12-ум баландтар ба ивази 4 сомониву 38 дирами имрӯза 5 сомониву 69,586 дирам ва сокинони хобгоҳҳо ба ҷойи 2 сомониву 90 дирами ҳозира 3 сомониву 77 дирам маблағ пардохт хоҳанд кард.
«Тарофаҳои амалкунанда то 1-уми январи соли 2014 барои оби нӯшокӣ аввали соли 2011 тасдиқ шуда буданд», - афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста