Чанде қабл дар мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ масъалаи тайёр кардани мутахассисони касбҳои коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, зимни вохӯрӣ Омина Афзалӣ таъкид доштааст, ки ҳарчанд имрӯз дар Афғонистон марказҳои таълимӣ барои фаро гирифтани афроди аз таҳсил берунмонда ва омода намудани коргарони соҳибихтисос фаъолият намоянд ҳам, кишвар ба тайёр кардани касбҳои коргарӣ, усто ва омӯзгорони муҳандисӣ ниёз дорад ва Тоҷикистон имконоти хуби омода сохтани коргарони ҳирфаиро дошта, мақсад аз боздид кумаки ин ҷониб дар ин самт аст.
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра фаро гирифтани шаҳрвандонро ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз масъалаҳои асосии мубрами рӯз номида, дар ин самт ҳамкориҳои вазоратҳои дахлдорро хеле судманд ҳисобид. Дар Тоҷикистон яке аз зинаҳои муҳим ва асосии таҳсилот дар тайёр кардани касбҳои коргарӣ зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор меравад ва он дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ нақши хоса дорад. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда собит менамояд, ки соҳибкасб намудани шаҳрвандон бояд маҳз дар ҳамин зинаҳои таҳсилот оғоз ёбад ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми шаҳрвандони дигар, ки берун аз таҳсилоти олии касбӣ мондаанд, ба таҳсилот дар ин зинаҳо фаро гирифта шаванд.
Алҳол, дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейҳои касбии техникӣ, 7 литсейҳои касбии саноати кишоварзӣ ва инчунин гурӯҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 41 коллеҷ, 11 омӯзишгоҳи тиббӣ амал менамоянд.
Ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Зафаробод маҷмааҳои омодасозии касбҳои коргарӣ барои Афғонистон фаъолият менамуданд, ки ҳазорҳо коргарони соҳибихтисосро барои ин кишвари азияткашида омода ва равона кардааст.
Барои омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони ҳар ду ҷониб кишвар барои омода намудани тафоҳумнома таъсис дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста