«Тоҷикстандарт» ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сарулибоси гарм туҳфа кард.
Бино ба гуфти директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев, дар арафаи соли нави милодӣ корхонаи онҳо ба тарбиятгирандагони мактаб - интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ сарулибоси гарм тақдим карданд.
«Корхонаи мо, ки ин мактаб-интернатро парасторӣ мекунад, дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо мо ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат кумакҳои молӣ мерасонем», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин барои тарбиятгирандони мактаб-интернати номбурда туфаҳои солинавӣ низ тақдим карда шуд. «Баъдан дар рӯзҳои соли нав ният дорем, барои онҳо дастурхони идона ташкил намуда, хотирашонро болида намоем»,- илова намуд Валиев.
Як манбаъ аз ноҳияи Вахш хабар дод, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ният дорад шахсан ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Вахш кумаку туҳфаҳои солинавӣ супорад.
Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилоят дар як ҷаласа ба ташкилоту идораҳои давлати супориш дода буд, ки дар арафаи соли нав ба мактаб-интернатҳо, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва иштирокчиёни ҶБВ кумаки хайрия расонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста