Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби будубош дар кишвар нисбати 116 нафар шаҳрвандони Покистон санади ҳуқӯквайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 76 нафар шаҳрвандони Покистон барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон аз кишвар хориҷ карда шудаанд.
Манбаъ хотиррасон намуд, ки дар ин давра ҳамчунин нисбати 767 нафар шаҳрвандони хориҷӣ санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 177 санад зиёдтар аст.
«Тӯли 11 моҳи соли равон бо қарори судҳои дахлдор 438 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави кишвар истирдод карда шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74 нафар бештар мебошад», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста