Нишастҳои хабарии солонаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ на чун маъмулан даҳаи аввали моҳи январ, балки аз нимаи ҳамин моҳ оғоз мегарданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии каме дертар оғоз гардидани нишастҳои хабарӣ дар он аст, ки пас аз баргузории маъракаи интихоботи президент дар кишвар дар сохтори ҳукумат як қатор тағйиротҳо ба амал омаданд.
«Масалан, чанде аз вазорату идораҳо барҳам ё муттаҳид карда шуда, якчанд вазорату идораҳои нав таъсис ёфтанд ва барои роҳбарони онҳо ҷиҳати вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум ва посухи муфассал ба саволҳои онҳо омодагии ҳамаҷониба мебояд гирифт», - иброз дошт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста