Имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон бо музди меҳнат таъмин карда мешаванд.
Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи таъмини имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ бо музди меҳнат ҷиҳати баррасӣ ба президент ирсол шудааст.
Ба тахмини ӯ, ҳукумат лоиҳаро тасдиқ хоҳад кард, зеро ҷудо кардани воситаҳо барои пардохти музди меҳнат ба имомхатибон аз 1-уми январи соли 2014 ташаббуси худи президент Эмомалӣ Раҳмон буд.
«Мутобиқи лоиҳаи мазкур, соли 2014 ба имомхатибони ҳудуди 450 масҷиди кишвар музди меҳнат пардохта мешавад, аммо ба кадом миқдор ҷудо шудани воситаҳо ва ҳаҷми музди меҳнати имомхатибон баъди тасдиқи лоиҳа муайян мегардад», - гуфт манбаъ.
«Ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи масъулияти имомхатибон барои фаъолияташон мебошад, зеро онҳо барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ва дар маҷмӯъ ҷомеа масъуланд», - афзуд номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки тамоили ба ин монанд дар Русия, Чин, ИМА, Кувайт, Арабистони Саъудӣ, Ӯрдун ва ҳатто дар Қирғизистон низ мавҷуд аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста