Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Ойдиной Усмонова 10-уми январи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи коргар ба дунё омада, фаъолияти меҳнатиашро дар театри ба номи Пушкин (феълан ба номи Камоли Хуҷандӣ)-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Давоми солҳои 1944-1949 ба ҳайси овозхон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 1949 то ба нафақа баромадан ба фаъолияти ҳунарӣ дар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд идома бахшидааст. Соли 1964 ба унвони Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Барои хизматҳои шоистааш ҳамчунин бо ордени Ленин қадрдонӣ гардидааст.
Ойдиной Усмонова ҳамсари шоир Муҳиддин Аминзода ва модари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зебо Аминзода аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста