Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор ва шароити хуби бубудош таъмин намудани ҳамвтанон дар Русия буда, бо ин мақсад кормандони намояндагӣ давра ба давра бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар манотиқи гуногуни Русия мулоқотҳо барпо мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод, чанде қабл мақомоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ба роҳбари ташкилот оид ба хизматгузории техникии воситаҳои нақлиёти ширкати «Автолюкс»-и шаҳри Новосибирск, шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Авазов, ки 15 нафар ҳамвтанонро бо ҷойи кориву маоши арзанда таъмин кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.
«Бо мусоидати ӯ дар ин корхона муҳоҷирони кории тоҷик бо ғизои саривақтӣ, манзили зист ва ҳуҷҷатҳои расмии зарурӣ барои будубош дар қаламрави Русия таъминанд, ки ин хароҷот низ аз ҷониби корфармо пардохта мешавад. Ҳаҷми музди меҳнати онҳо аз 20 то 35 ҳазор рубли русӣ дар як моҳро ташкил медиҳад», - иброз дошт номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста