Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз рафти иҷрои барномаи давлатии «Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» изҳори нигаронӣ намуд.
Бино ба гуфти як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Давлатшо Гулмаҳмадов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати вилоят аз он изҳори ташвиш намудааст, ки рафти иҷрои барномаи номбурда дар қаламрави вилоят ғайриқаноатбахш аст.
«Дар ин барнома, ки дар маҷмӯъ 313,8 млн. сомониро дар бар мегирад, барои соли 2013 128,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, иҷрои ин барнома дар соли 2013 ҳамагӣ 46,6 млн.н сомонӣ ё худ ё 36,2% аз ҳаҷми умумиро ташкил додааст», - гуфтааст раиси вилоят.
Барои шарҳи ин гуфтаҳои раиси вилоят мо ба раёсати тандурустии вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Як манбаъ аз ин раёсат, ки нахост номашро ифшо кунем, гуфт, ин соли аввал аст ва баъзе мушкилӣ баҳри иҷрои барнома пеш омада, баъдан баъзе аз навоҳии вилоят дар иҷрои ин барнома хунукназарӣ зоҳир намудаанд.
«Аслан аз маблағи умумии барнома, ки ба 313,7 млн. сомонӣ баробар аст, 176 млн. сомонии он бояд бо ҷалби маблағҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ амалӣ карда шавад, вале мутаассифона, соли гузашта ба қисме аз навоҳӣ барои иҷрои ин барнома ҷалби на сармоягузорони дохиливу на хориҷӣ муясссар нагардид. Умедворем, ки соли 2014 рафти амалисозии барномаи номбурда хуб ба роҳ монда мешавад, - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста