Анонс
- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони мавсими футболи Тоҷикистон дар соли 2013 доир мегардад. Оғоз соати 14:00;
- Сафари кории намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча ба Тоҷикистон;
- Аз 9 то 11-уми январ дар дафтари кории Федератсияи футболи шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимиву методии доварон баргузор мешавад. Дар машғулиятҳо 14 нафар доварони соҳибкасбу ҷавон ширкат меварзанд.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7742 сомонӣ;
1 евро - 6.4913 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 36 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1863 — Дар Лондон нахустин хатти метро кушода шуд.
1910 — Зодрӯзи олим, доктори улуми геологиву минералогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон Захаров Сергей Акимович.
1920 — Таъсиси Лигаи Миллатҳо – созмони байнулмилалии кишварҳо, ки соли 1945 онро Созмони Милали Муттаҳид (СММ) иваз кард.
1935 — Ташкили ноҳияи Регар (аз соли 1978 – ноҳияи Турсунзода).
1936 — Шаҳри Хуҷанд ба Ленинобод номгузорӣ шуд.
2000 — Чин парвози киштии кайҳонии «Шенчжоу»-ро дар реҷаи автоматӣ амалӣ кард.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5; дар шарқи вилоят шабона -24-29, рӯзона -9-14.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -2-4.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста