Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдорӣ оид ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба роҳ надодан ба истифодаи мусиқии бегона ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умуми шаҳр дастуру супоришҳо дод.
«Раиси пойтахт ба муовини худ Абдулҳақ Оев, раҳбарияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки баҳри муайян намудани ҳолати воқеии пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум рейдҳои муштарак доир намуда, ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста